Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи ҷумъа ташйиъи расмии ҷанозаи Чавес баргузор мешавад


Ҳуго Чавез ва Аҳмадинежод
Ҳуго Чавез ва Аҳмадинежод
Николас Мадуро-раҳбари давраи гузариши Венесуэло мегӯяд, ҷасади Ҳуго Чавезро мисли ҷасади Ленин мумёӣ хоҳанд кард ва онро дар маҳфазаи шишаӣ нигоҳ хоҳанд дошт.

Мадуро ҳамчунин гуфт, ки пайкари Чавез 7 рӯзи дигар барои видои мардум дар Фарҳангистони низомӣ дар наздикии қасри раёсати ҷумҳурӣ гузошта мешавад.

Аммо маросими расмии ташйиъи ҷанозаи Чавез рӯзи ҷумъа баргузор мешавад. Дар он даҳҳо нафар раҳбарони кишварҳои хориҷӣ ширкат мекунанд. Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон ва Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Аҳмадинежод дар бораи Чавез гуфт:

“Ӯ дӯсти самимии ҳамаи миллатҳо буд. Аз даст додани ӯ як ғами сангин монанди аз даст додани бародари меҳрубон ва шуҷоъ аст. Барои ман ӯ як шахсияти бисёр азим ва бародари арзишманд буд. Тасаввури ман ин буд, ки ман худам аз даст рафтаам”.


Ҳуго Чавез 58 сол дошт ва аз бемории саратон даргузашт.
XS
SM
MD
LG