Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Павел Дмитриченкоро ба ҳабс гирифтанд


Додгоҳи Русия раққоси Болшой Театр Павел Дмитриченкоро расманба расондани осеби ҷисмонӣ айбдор карда, ба далели нақшаш дар ҳамла ба раҳбари бадеии театр ба ҳабс гирифт. Дмитриченко дар додгоҳи Таганка иқрор кард, ки ҳамла ба Сергей Филинро мехост, вале намехост, ки ба рӯи ӯ кислота бипошанд. Ӯ ин гумонҳоро, ки ҳамла ба кислота бо амри вай сурат гирифтааст, “дурӯғи маҳз” номид. Гумонбари асосӣ дар иҷрои мустақими ин ҳамлаи моҳи январ Юрий Зарутский дониста шуда, гумон меравад, ки боздоштшудаи сеюм – Андрей Липатов- дар ин қазия нақши ронандаи ҳамлагаронро иҷро кардааст.
XS
SM
MD
LG