Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ мавриди афви президент қарор гирифт?


50 маҳбусе, ки дар гузашта сарбоз, ё афсари нерӯҳои амниятии Тоҷикистон буданд, дар пайи як қарори раисҷумҳури Тоҷикистон аз зиндон озод шуданд.

Бино бар ин қарор, ҷазои 26 нафари дигар сабуктар шуд. Илҳом Маҳмудов, муовини сарвари Раёсати ислоҳи ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, бахшиши ҷазо бар асоси муроҷиати вазоратҳои қудратӣ ба раисҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифт:

«Ин иқдом ба хотири 20 – солагии Артиши миллии Тоҷикистон гирифта шудааст. Вақте фармони раисҷумҳур баромад, мо онро иҷро кардем. Ҳамаи озодшудагон хизматчиёни ҳарбӣ ҳастанд.»

Мақомот аз ироаи феҳристи низомиёни озодшуда худдорӣ мекунанд, аммо ошкор шудааст, ки 10 тани озодшудагон сарвар ва корманди комиссариатҳои низомӣ буда, барои тақаллуби аснод ва гирифтани пора маҳкум шудаанд.


Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.
Ҳамчунин сарбозоне ҳам ҳастанд, ки аз хизмат фирор кардаанд ва ё дар маҳалли хизмат ҷинояти сабук содир намудаанд. Ба сурати умум, аксари афвшудагон онҳое ҳастанд, ки барои ҷиноятҳои сабук маҳкум шудаанд. Барои намуна, онҳое, ки бо ҷароими вазнинтар, аз қабили қочоқи маводи мухаддир ё куштор маҳкум шудаанд, мавриди бахшоиш қарор нагирифтаанд.

Дар бораи ҳарбиёне, ки гуноҳашон бахшида шуд, Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфт: «Ин нафароне ҳастанд, ки бо ҷурми саркашӣ ва фирор аз хизмати низомӣ, худсарона тарк кардани ҷои вазифа, муносибатҳои ғайриоинномавӣ, сӯистифода аз мақом ва дигар ҷиноятҳои сабук зиндонӣ шудаанд».

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ин аввалин ва бесобиқатарин бахшиши ҷазо ба таври дастаҷамъӣ дар таҷрибаи кишварҳои муосир маҳсуб мешавад. Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, то ба ҳол дар ягон кишвар ба таври дастаҷамъӣ бахшиши ҷазо сурат нагирифтааст. Вай афзуд, ин шеваи нодуруст аст, зеро тибқи қонунгузорӣ, афрод бояд ба алоҳидагӣ ва пас аз пурра таҳқиқ шудани аризаашон ба раисҷумҳур бахшида шаванд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Ҷаноби Қудратов мегӯяд, бахшиш ҳам дар ҳоле имконпазир аст, ки маҳбус пурра ҷароими худро ба зимма гирад: «Акнун агар мо каме ба гузашта баргардем, дар хотир дорем, ки бояд ба хотири ҷашни 20 – солагии сессияи 16 – ум қонуни афв қабул мешуд. Аммо ин қонун қабул нашуд. Ва ҳоло мешавад хулоса кард, ки ҳукумат ба хотири ҷуброни қонуни авф, бахшиши ҷазо кард.»

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқдони тоҷик
Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқдони тоҷик
Иддае аз намояндагони собиқ ИНОТ ва Фронти Халқӣ -- ҷонибҳои даргир дар ҷанги дохилии кишвар аз раисҷумҳури Тоҷикистон даъват карда буданд, ки собиқ размандагони маҳбуси ду тарафро авф кунад.

Аммо мақомот озод шудан ва ё коҳиш ёфтани мӯҳлати ҳабси онҳоеро, ки дар гузашта размандаи ИНОТ ва Фронти Халқӣ буданд, таъйид ва ё такзиб намекунанд. Ҳамчунин дар бораи генералҳои собиқ, аз қабили Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев ва дигарон низ чизе гуфта намешавад.

Бахшиши ҷурми афроде, ки аз сӯи додгоҳҳои Тоҷикистон ҳукм гирифтаанд, аз 26 майи соли 1997 бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон оғоз шудааст. Баъд аз ин бахшиши ҷазо дар моддаи 69 – и Сарқонун ва моддаи 83 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон низ баён шуд ва то имрӯз амалӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG