Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эгамзод:"Ҷустуҷӯи қотили Муқимҷон идома дорад"


Кормандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар мулоқоте бо муфаттиши раёсати умури дохилаи ноҳияи Тимирязев ва кормандони бахши маҳаллии Кумитаи тафтишоти шаҳри Маскав мавзӯи тафтиши куштори навраси тоҷик Муқим Абдулғаниевро баррасӣ карданд. Дар ин бора сухангӯи сафорат Муҳаммад Эгамзод ба Радиои Озодӣ хабар дод. Дар ин мулоқот гуфта шудаст, ки дар робита ба ин куштор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва талоши муқаррар кардани ҳуввияти қотил идома дорад.

Ба иттилои муфаттишон, шоми рӯзи 26 феврал як марди ношинос дар истгоҳи нақлиёти мусофирбар дар рӯбарӯи фурӯшгоҳи “Электромаркет”, воқеъ дар гузари Локомотивнии шаҳри Маскав, дар паи моҷарое бар пояи хусумати шахсӣ ба Муқим Абдулғаниев ҳамла карда, ба ноҳияи рости қафаси синаи ӯ корд задааст. Дар натиҷаи осеби узвҳои дарунии бадан, ҷабрдида ба ҳалокат расид. Ба иттилои сафорат, Абдуғаниев Муқимҷон Мухторович 26 сентябри соли 1997 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст ва дар мактаби рақами 1951-и Маскав таҳсил мекард.

Муҳаммад Эгамзод гуфт, ки бо мусоидати сафорати Тоҷикистон Кумитаи тафтишоти шаҳри Маскав барои ба пайвандонаш интиқол додани ҷасади Муқимҷон Абдулғаниев иҷоза дод. Ҷасади навраси тоҷик тавассути ҳавопаймои хатсайри Маскав-Хуҷанд ба ватанаш фиристода шуд.
XS
SM
MD
LG