Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Катз: Талафоти нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон коҳиш ёфтааст


Генерал Гунтер Катз, сухангӯи нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон
Генерал Гунтер Катз, сухангӯи нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон

Нерӯҳои НАТО дар Афғонистон мегӯянд, талафоти асокири амрикоӣ дар тӯли 5 соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Генерал Гунтер Катз, сухангӯи нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон, дар мусоҳиба бо бахши афғонии радиои «Озодӣ» гуфт, далели умдаи ин он аст, ки нерӯҳои эътилоф дигар дар амалиёти муҳорибавӣ дар хати пеши ҷабҳа қарор надоранд.

Вай афзуд: «Ҳақиқат ин аст, ки бо гузашти ҳар рӯз нерӯҳои амниятии афғон бештар масъулияти амнияти кишварашонро ба ӯҳда мегиранд. Бо гирифтани ин масъулиятҳо асосан нерӯҳои афғон алайҳи душман меҷанганд ва нерӯҳои эътилоф онҳоро кӯмак мекунанд ва бештар масруфи омӯзиши низомии онҳо ҳастанд. Акнун нерӯҳои эътилоф монанди гузашта дар хати аввали ҷабҳа намеҷанганд».

Гуфта мешавад, коҳиш дар талафоти нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон ҳатто камтар аз нерӯҳои амрикоӣ будааст. Нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон таи моҳҳои декабр, январ ва феврал фақат чанд аскари худро аз даст додаанд, ки зарфи ҳафт сол ин талафот хеле кам будааст.

Таи ин се моҳи фасли зимистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар маҷмӯъ 17 аскари худро аз додааст, ки дар қиёс ба 57 аскари талафшудаи амрикоӣ дар ҳамин давраи соли гузашта хеле андак аст.

Генерал Гунтер Катз дар идомаи сӯҳбаташ далели дигари коҳиши талафоти нерӯи амрикоиро роҳандозии тадобир барои ҷилавгирии ҳамалот аз дохили нерӯҳои афғон бар дӯстони байналмилалии онҳо медонад: «Далели дигари коҳиши талаф пешгирии ҳамалот аз дохили нерӯҳои афғон бар нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар зарфи ҳафт моҳи гузашта мебошад».

Генерал Гунтер Катз мӯътақид аст, ки тадобири роҳандозишудаи ҳафт моҳи қабл дар ин маврид хеле муассир буданд. Ба гуфтаи вай, ҳам нерӯҳои байналмилалӣ ва ҳам нерӯҳои афғон сайъ доранд, то ин ҳамалотро коҳиш диҳанд.

Генерал дар идома гуфт, нерӯҳои НАТО ва афғон ҳамчунон барои коҳиши ин ҳамалот маълумотҳои истихбориашонро дар робита ба афсароне, ки бо толибон иртибот доранд, ҳамоҳанг сохтаанд, то аз нақшаҳои душманон бехабар намонанд.
XS
SM
MD
LG