Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дар санади коҳиши масорифи будҷа имзо гузошт


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар санаде имзо гузошт, ки бар асоси он масорифи будҷаи ин кишвар 85 миллиард доллар қоҳиш хоҳад ёфт.

Обама мухолифи чунин коҳиши маблағи будҷа буд ва аз намояндагони демократҳову ҷумҳурихоҳон дар Конгресс хост, ки то якуми марти соли ҷорӣ ба созиш бирасанд ва будҷа коҳиш наёбад. Вале интизории вай натиҷа надод. Вай то нимашаби якуми март интизор монд ва маҷбур шуд дар санади мазкур имзо гузорад.

Оқибатҳои эҳтимолии ин коҳиши масорифи будҷаро Барак Обама рӯзи ҷумъа бо раҳбарони Конгресс баррасӣ кард.

Акнун тибқи ин санад будҷаи ҳамаи муассисаҳои давлатӣ 5 дарсад коҳиш меёбад. Буҷаи низомӣ ё будҷаи Пентагон 8 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Чунин коҳиш аз якуми март то якуми октябрро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG