Ноиби раисиҷумҳури Венесуэла Николас Мадуро гуфт, раиси ин ҷумҳурӣ Ҳуго Чавес “барои саломатӣ ва зиндагиаш мубориза мекунад. Мадуро бидуни ироаи ҷузъиёт дар телевизион гуфт, вазъи Чавес “мураккабу душвор” аст: “Шумо ҳама медонед, ки ӯ фикри саломатиашро намекард, чунки аз ҷону танаш гузашта, ғами худро намехӯрд ва ҳама чиз – кор, зиндагӣ, хонаву хӯрок, дониш ва саломатиашро сарфи мардум мекард. Воқеъият ҳамин аст.” Чавес баъди ду моҳи табобати саратонаш дар Куба моҳи феврал ба Венесуэла баргашт. Ӯ моҳи октябр барои 6 соли дигар раисиҷумҳури ин кишвари Амрикои Лотинӣ интихоб шуд, вале дар моҳи январ ба иллати маризиаш натавонист барои адои савганд аз Куба баргардад.