Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти барномаи ҳастаии Эрон анҷом ёфт


Музокироти дурӯзаи Эрону қудратҳои ҷаҳонӣ дар Алма-Ато бо тавофуқ ҷиҳати баргузории боз як даври музокироти ҳастаӣ дар ҳамин шаҳр дар рӯзҳои 5-6 апрел анҷом ёфт. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон гуфт, умедвори посухи мусбати Эрон ба пешниҳодест, ки 5 узви доимии Шӯрои Амният ва Олмон барояш доданд. Аммо ӯ аз ироаи ҷузъиёт то замони баррасии ин пешниҳодҳо аз ҷониби Эрон худдорӣ кард. Саид Ҷалилӣ – раҳбари ҳайъати Эрон – ин пешниҳодҳоро воқеъбинонатар ва аломати тағйири дидгоҳи қудратҳо номид. Вазири хориҷаи Эрон Алиакбар Солеҳӣ дар Вена гуфт, нисбат ба ахзи тавофуқ хушбин аст. Ғарб нигарон аст, ки Эрон дар талоши сохтани бомби ҳастаист. Эрон инро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG