Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон


Марзбонони тоҷик мегӯянд, дар як даргирӣ бо қочоқбарон дар минтақаи Бадахшони марзи Тоҷикистону Афғонистон 70 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш гирифтаанд. Бино бар ин манбаъ, қочоқбарон тавонистаанд ба он сӯи марз фирор кунанд. Дар як моҳи охир ин панҷумин задухӯрди мусаллаҳона дар ин марз аст, ки ба гуфтаи марзбонони тоҷик, 5 қочоқбар ва як марзбонро кушта ба ҷо гузошт. Тоҷикистон бо Афғонистон 1344 километр марзи мустақим дошта, як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG