Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷ.Керрӣ мухолифини Сурияро ба Рум даъват кард


Ҷон Керрӣ ва Вилям Ҳейг
Ҷон Керрӣ ва Вилям Ҳейг
Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ аз мухолифини Сурия даъват кард, то тасмими таҳрими музокирот бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар Румро бозбинӣ кунанд. Керрӣ дар нишасти бо ҳамтои бритониёияш Вилям Ҳейг муштараки хабарӣ дар Лондон гуфт, гурӯҳи “Дӯстони Сурия” рӯзи панҷшанбе фақат барои сӯҳбат ҷамъ нахоҳанд шуд, балки “рӯи иқдомоти баъдӣ тасмим хоҳанд гирифт.”
Керрӣ дар мавриди Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳанӯз барои ҳалли дипломатии баҳси барномаи ҳастаияш фурсат дорад, вале бояд бо ҳусни ният ба музокирот бо қудратҳои ҷаҳонӣ биравад. Ин дар ҳолест ки имрӯз дар Алма-Ато даври нави музокироти Эрон бо 5 узви доимии Шӯрои Амният ва Олмон доир мешавад.
Ҷон Керрӣ, ки нахустин сафари хориҷиаш ба Аврупову Ховари Миёнаро аз Лондон оғоз кард, аз ин ҷо ба Берлин меравад.
XS
SM
MD
LG