Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо бо Украина мулоқот мекунанд


Қарор аст раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва Украина дар Бруссел бо ҳам мулоқот кунанд. Масъалаи аслии ин мулоқот баррасии мувофиқатномаи ҳамкории ин иттиҳодия бо Украина мебошад. Ин санад имкон медиҳад, ки бори аввал роҳ барои тиҷорати Украина бо Иттиҳодия Аврупо боз шавад.

Иттиҳодияи Аврупо ин мувофиқатномаро боздошта буд, то Украина баъзе ислоҳот анҷом диҳад. Ба ин ислоҳот, аз ҷумла тағирот дар қонуни интихобот дохил мешавад, то дар ин кишвар баргузории интихоботи озоду одилонаро замонат диҳад.

Иттиҳодияи Аврупо як ҷо бо маҳофили байналмиллалӣ аз зиндонӣ шудани Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини Украина изҳори норизоятӣ карда буд.

Аксарият бар ин ақидаанд, ки ҳукми зиндони вай ангезаи сисёсӣ дорад ва Виктор Януковия-раиси ҷумҳур ва рақиби сиёсӣ аз вай қасос гирифтааст.
XS
SM
MD
LG