Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бенедикти 16: Сабаби истеъфо пиронсолӣ ва камқувватист


Рӯзи якшанбе тақрибан сад ҳазор нафар дар майдони назди ибодатгоҳи Пётри муқаддас дар Ватикан дар охирин ниёши Попи Рум Бенедикти 16 ҳузур доштанд.
Бенедикти 16 дар муроҷиат ба ҷамъомадагон гуфт, ки ӯ бо амри Худо мақомашро тарк мекунад. Ӯ афзуд, ки баъд аз истеъфо дар рӯзи 28 феврал боқии умрашро дар дуову ниёиш мегузаронад.Охирин рӯзи моҳи феврал Бенедикти 16 бо кардиналҳо мулоқот мекунад ва баъд аз соати 8-и шом ӯ дигар Попи Рум нахоҳад буд.

Бенедикти 16 сабаби истеъфоро, ки бори аввал дар тақрибан 600 соли ахир рӯй додаст, бо пиронсолӣ ва камқувватӣ рабт додааст.

Дар Ватикан ҳадс мезананд, ки Попи нави Рум шояд то шурӯи Пасха ё Иди Пок интихоб шавад.
XS
SM
MD
LG