Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз соҳибони пайкараҳои "Оскар" эълон мешаванд


Шоми якшанбе дар шаҳри Лос-Анҷелес маросими 85-уми супурдани пайкараҳои тилоии “Оскар” – ҷоизаи Академияи санъати синамои ИМА баргузор мешавад.

Барои дарёфти бонуфузтарин ҷоизаи олами синамо дар бахши "Филми беҳтарин" асарҳои таҳиягарон Бен Аффлек "Амалиёти "Арго" (Argo), Стивен Спилберг "Линколн" (Lincoln), Энг Ли "Зиндагии Пи" (Life of Pi), Бен Зайтлин "Даррандаҳои ҷануби ваҳшӣ" (Beasts of the Southern Wild), ва Михаэл Ҳанеке "Ишқ" (Amour) талош хоҳанд кард.

Баргузории маросим бар дӯши таҳиягар ва филмнависи маъруф Сет Макфарлейн вогузошта шудааст. Дар супурдани ҷоизаҳои “Оскар” ҳунармандони маъруфи синамо Майкл Дуглас, Ҷенифер Энистон, Ҷессика Честейн, Салмо Ҳайек, Ҷон Траволта, Никол Кидман, Ҳоллӣ Беррӣ ва Риз Уизерспун ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG