Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви Байналмилалӣ: "Афғонҳо дар Эрон ноодилона ба қатл маҳкум мешаванд"


Ҳомиёни ҳуқуқи башари Афғонистон хостори таваҷҷуҳи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ба вазъи зиндониёни афғон дар Эрон шуданд.

Муҳаммадмӯсо Маҳмудӣ, раиси иҷроияи Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон, рӯзи шанбеи 23 феврал бо ишора ба қатли даҳ зиндонии афғон дар Эрон ба Радиои Афғонистони озод гуфт, Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро зурур аст, ки ба ин масъала расидагӣ кунад.

Вай афзуд, «замоне ки қатлҳо бар асоси қонуни як кишвар сурат мегирад ва дар он ҷо ҳадди аққали меъёрҳо риоят намешавад, ин худ боиси нигаронӣ аст. Созмонҳои байналмилалӣ, мисли Шӯрои ҳуқуқи башар ва дафтари Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башарро мебояд ба ин масъала таваҷҷуҳ кунанд ва аз ҳукумати Эрон талаб намоянд, ки ба ҳуқуқи афғонҳои маскуни ин кишвар эҳтиром гузорад».

Ба гузориши хабарнигори бахши афғонии Радиои Озодӣ аз вилояти Тахор, таи як ҳафтаи ахир ҷасади даҳ афғон аз Эрон ба ин вилоят интиқол ёфтааст. Ин зиндониён барои қочоқи маводи мухаддир дар Эрон бо ҳукми додгоҳ ба дор овехта шуданд.

Рӯзи шанбеи 23 феврал ҳазорон тан аз сокинони вулусволии Калфагони вилояти Тахор алайҳи қатли афғонҳо дар Эрон эътироз карданд ва аз ҳукумати Афғонистон, Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар хостанд, ки аз куштори афғонҳо дар Эрон ҷилавгирӣ кунанд. Сокинони ин минтақа мегӯянд, ки тайи шаш моҳи ахир онҳо 80 нафари дар Эрон қатлшударо ба хок супурдаанд.

Ин барои аввалин бор нест, ки Эрон афғонҳоро ба қатл мерасонад. Пеш аз ин ҳам афғонҳои зиёде барои қочоқи маводи мухаддир дар ин кишвар маҳкум ба марг шудаанд. То ҳол шумораи дақиқи афғонҳои дар Эрон кушташуда дақиқ нест.Ҳукумати Афғонистон ҳам то кунун дар мавриди куштори афғонҳо дар Эрон вокунише нишон надодааст.

Як зани эронӣ - ҳамсари яке аз афғонҳои қатлшуда гуфт, ки куштори афғонҳо дар Эрон се ҳафта пеш аз сар гирифта шуд.

Ба гуфтаи намояндагони созмони Афви Байналмилал ё Amnesty International, зиндониёни афғон аксар вақт бидуни доштани вакили дифоъ ва муҳокимаи одилона дар Эрон ба қатл маҳкум мешаванд. Ин созмон аз ҳукумати Эрон хостааст, ки аз чунин амал даст бикашад.

Дар гузашта чанде аз аъзои Шӯрои миллии Афғонистон низ аз ин амали Эрон ба шиддат интиқод карда ва ҳукумати Афғонистон, бахусус Вазорати корҳои хориҷии кишварро барои бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба вазъияти афғонҳо дар Эрон мавриди танқид қарор дода буданд.
XS
SM
MD
LG