Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико насби сентрифугаҳои нав дар Натанзро «таҳрикомез» хонд


Вазорати умури хориҷии Амрико пас аз интишори гузориши маҳрамонаи Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ дар бораи насби сентрифугаҳои пешрафта дар Натанз, ин иқдоми Эронро «таҳрикомез» хонд.

Хабаргузориҳои ғарбӣ рӯзи панҷшанбе бахшҳое аз гузориши маҳрамонаи Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаиро мунташир карданд, ки дар он гуфта мешавад, Эрон дар ҳоли насби 180 сентрифугаҳои IR2-M дар пойгоҳи Натанз аст. Иқдоме ки метавонад суръати ғанисозии Эронро афзоиш диҳад.

Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико дар вокуниш ба ин гузориш, насби сентрифугаҳои навро «идомаи нақзи тааҳҳудоти Эрон дар муқобили қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ» донист.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, дар гузориши Оҷонс омадааст, ин барои нахустин бор аст, ки сентрифугаҳои пешрафтаи аз «модели IR2-M дар пойгоҳи ҳастаии Натанз насб мешаванд.

Эрон дар таъсисоти Натанз, ки зери назари Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ аст, ғанисозии зери панҷ дарсад анҷом медиҳад. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико дар идома гуфт, ки ин иқдоми Эрон боз як амали таҳрикомези дигар аст.

Хабари афзоиши сентрифугаҳои пешрафта дар пойгоҳи Натанз дар ҳоле мунташир мешавад, ки қарор аст пас аз мудатҳо таваққуф, рӯзи сешанбеи 26-уми феврал, Эрон бо гуруҳи 5+1 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон пои музокира биншинад.
XS
SM
MD
LG