Вилям Далримпл мегӯяд, дар китоби “Бозгашти Шоҳ” ӯ ҳамлаи нерӯҳои Британия болои Афғонистонро таҳқиқ намудааст. Соли 1839-ум 18 ҳазор афсару сарбози Ширкати шарқи Ҳиндустон ва Британия вориди хоки Афғонистон шуда, Шуҷоъ-ул-Мулк, набераи Аҳмад Шоҳ Дурронӣ - асосгузори аввалин сулолаи шоҳии Афғонистонро сари тахт шинонданд. Британия шоҳи вақти Афғонистон Дӯст Муҳаммадхонро, ки бо Русия равобити хуб дошт, барканор намуд.
Далримпл меафзояд:
“Мухтасари қисса ин аст, ки 18 ҳазор низомии Британия ба Афғонистон рафта, шоҳи лӯхтакмонанд Шуҷоъ-ул-Мулкро сари тахт шинонданд. Ошӯб бар зидди Британия баъди якуним сол оғоз ёфта, Британияро комилан шикаст дод. Онҳо ба муқовимат ба ошӯб омода набуданд. Ду раҳбари онҳо кушта шуд. Онҳо таслим шуданду ба онҳо ваъда дода шуд, ки онҳоро оромона ба Ҳиндустон гусел мекунанд. Дар оғоз Кобулро 18 ҳазор мард, зан ва кӯдак тарк намуданд, вале то Ҷалобод як нафар доктор Вилям Брайдон расид.”
Ба таъкиди Далримпл, барои афғонҳо ин ҷанги озодихоҳона ва мояи ифтихор аст, зеро онҳо империяи Британияро дар авҷи рушду шукӯҳаш шикаст додаанд.
Ба қавли муаррихи шотландӣ, ҳар нерӯе, ки ба Афғонистон юриш намудааст, бояд чанд дарси таърихиро дар ёд дошта бошад:
“Сабақи возеҳтарин ин аст, ки ишғоли Афғонистон хатари зиёд дорад. Ҳама медонанд, ки онҳо баҳри истиқлол меҷанганд ва ҷанговари хуб ҳам ҳастанд. Нархи ишғоли Афғонистон ҳам, фикр мекунам, барои ҳама рӯшан аст. Наметавон гуфт, ки Афғонистонро ишғол кардан мумкин нест. Мумкин аст, агар ба ин кишвар пулу нерӯи зиёде ҳавола кунед. Шумо бояд ҳазорҳо сарбозро дар он ҷо мустақар кунед. Бояд дар ҳар водӣ як пойгоҳ ташкил кунед ва сарбозонро дар ин пойгоҳҳои дурдаст таъмин намоед.”
Далримпл мегӯяд, Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта сабақи Британияро нодида гирифта, ба Афғонистон нерӯ фиристод. Дар натиҷа иқтисоди худи Шӯравӣ шикаст хӯрд. Ба қавли Далримпл, солҳои охир ин ҳолатро ИМА ҳам аз сар мегузаронад, зеро он чизе, ки амрикоиҳо дар Афғонистон ба даст овардаанд, кучак буда, ба нархи гарон ҳосил шудааст.
Муаллифи китоби “Бозгашти Шоҳ” мегӯяд, Афғонистон кишвари барои ҳукмронӣ осон нест. Дар ин кишвар гурӯҳҳои мухталифи қавмӣ иқомат доранд ва аз нуқтаи ҷуғрофӣ раҳбарии мутамарказонии Афғонистон душвор аст. Далримпл зарбулмасали паштуниро ба ёд меорад, ки мегӯяд, “ҳар афғон хон аст, шоҳ аст!”