Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахтиёр Сатторӣ дар бемористони Маскав муолиҷа мегирад


Бахтиёр Сатторӣ
Бахтиёр Сатторӣ
Бахтиёр Сатторӣ-рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва яке аз фаъолони ҳуқуқи башар дар Маскав мавриди ҳамлаи як фарди ношинос қарор гирифтааст. Ҳамлакунанда ба бадани вай чанд кор задааст.

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ худи Бахтиёр Сатторӣ гуфт, ки ҳамла шаби сешанбе дар наздикии хонааш рух додааст.

Вайро ба бемористон интиқол додаанд ва ҷарроҳӣ кардаанд. Пизишкон мегӯянд, ки вазъи саломатии Бахтиёр вазнин, вале собит аст.

Бахтиёр Сатторӣ 49 сол дорад ва дар гузашта котиби севвуми сафорати Тоҷикистон дар Маскав буд. Сипас чанд муддат дар намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав кор кард.

Баъди аз даст додани ин кор вай ба мухолифони давлат пайваст ва ҳоло дар Маскав яке аз фаъолони ҳуқуқ ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG