Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Аллен ба истеъфо меравад, на ба НАТО


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, генерал Ҷон Аллен ба истеъфо меравад ва аз ин рӯ, ба симати фармондеҳи олии НАТО нахоҳад нишаст.

Барак Обама рӯзи сешанеби 19-уми феврал дар як баёнияи катбӣ гуфт, Аллен баъди нуздаҳ моҳи хидмат дар Афғонистон, мехоҳад бо хонаводааш бошад. Ахиран шоеъоте бархоста буд, ки шояд Аллен пешниҳоди Обамаро напазирад.

Аллен баъди рафтан аз мақоми фармондеҳи нирӯҳои Амрикову НАТО дар Афғонистон барои тасмимгирӣ роҷеъ ба ояндааш фурсати бештар хоста буд.

Муфаттишони Пентагон дар моҳи январ ӯро аз иттиҳомот дар робита ба мукотибааш бо Ҷилл Келлиро сафед карданд. Он ҷанҷоли “ишқӣ” боиси истеъфои Девид Петреус аз мақоми раиси Идораи марказии ҷосусии Амрико шуда буд. НАТО гуфт, ба ин тасмими генерал "эҳтироми тамом" қоил аст.

Дар авохири моҳи январ раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфта буд, генерал Ҷон Алленро баъди соф баромаданаш аз тафтиши Пентагон ба мақоми фармондеҳи аршади нирӯҳои НАТО дар Аврупо пешбарӣ хоҳад кард.

Сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ гуфта буд, маъмурият “қасд дорад, пешбариро идома диҳад.” Пешбарии Аллен ба ин мақом ба далели таҳқиқи мукотибаҳояш бо Ҷилл Келлӣ ба ҳоли таълиқ даромада буд.

Генерал Ҷон Аллен дар моҳи ҷорӣ мақоми фармондеҳи нирӯҳои эътилоф дар Афғонистонро тарк кард ва Ҷозеф Данфорд, генерали нерӯҳои баҳрии ИМА фармондеҳи нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО дар Афғонистонро бар дӯш гирифт.
XS
SM
MD
LG