Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА: Дар интихоботи Арманистон сабқат ҳис намешуд


Президенти Арманистон Серж Саркисян дар ҳавзаи интихоботӣ.
Президенти Арманистон Серж Саркисян дар ҳавзаи интихоботӣ.
Рӯзи сешанбе нозирони байналмилалӣ иброз доштанд, ки интихоботи президентии Арманистон дар муқоиса бо маъракаҳои пештара беҳбуд дошт, вале ҳанӯз ҳам дар он сабқати воқеӣ ба назар намерасид. Ҳайати нозирони Ассамблея ё худ Маҷмаи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) мегӯяд, интихоботи президентии 18-уми феврал, ки дар он президенти феълии Арманистон Серж Саркисян бо беш аз 58 дар сади раъйҳо пирӯз шудааст, хуб танзим шуда буд, вале мавриди таваҷҷӯҳи раъйдиҳандагон қарор нагирифт. Ба қавли нозирон барои бунёди ҷомеаи демократӣ бо мушорикати васеъ интихоботи Арманистон ба мусобиқаи воқеии довталабон ниёз дорад. Собиқ вазири корҳои хориҷии Арманистон Раффӣ Ҳованисян, ки бо беш аз 36 дар сади раъйҳо дар ҷои дуюм қарор гирифт, интихоботро ҳамчун маъракаи ноодилона ва саршор аз тақаллуб маҳкум кардааст.
XS
SM
MD
LG