Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини раиси Кумитаи олимпии Русия аз мақом барканор шуд


Аҳмед Билолов
Аҳмед Билолов
Аҳмед Билолов-муовини раиси Кумиати олимпии Русия, ки масъули сохтмонҳои олимпӣ дар Сочӣ мебошад, аз мақомаш истеъфо додааст. Ин истеъфоро ихтиёрӣ мегӯянд, вале камтар аз ду ҳафта пеш Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия аз иншооти олимпӣ дар Сочӣ боздид кард ва аз суръати кунди кори сохтмон норизоятии худро баён дошт.

Билолов чун соҳибкори қаввӣ шинохта шудааст ва дар гузашта вакили Думаи Давлатӣ ва намоянда аз минтақаи Краснодар буд. Вай дар маъракаи таблиғи Сочӣ барои бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2014 хеле фаъол буд.

Соли 2009 муовини раиси Кумитаи олимпии Русия дар бахши сохтмон интихоб шуд.
XS
SM
MD
LG