Ба гузориши матбуоти давлатии Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин нома гуфтааст, ки ӯ ва ҳамкоронаш ба хидмати миллат ва мардуми Эрон камар бастаанд ва “итминон медиҳам, ки ҳама талошҳоро ба унвони ходимони миллат барои рафъи мушкилот ва рифоҳи кишвар хоҳем кард ва кӯчактарин қадаме бар хилофи мусолиҳаи кишвар барнахоҳем дошт.”
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ рӯзи шанбе дар робита ба ин ҷанҷол, ки хусумати ошкори ду раҳбари баландпоя дар давлати Эронро ба намоиш гузошт, гуфт: “Ин ки раиси як қувва ба хотири як санади исботношуда ду қувваи дигарро муттаҳам кунад, хилофи шаръ ва қонун ва тазйиъи (поймоли) ҳуқуқи мардум аст.”
Аммо Маҳмуди Аҳмадинажод дар номааш ба раҳбари олии Эрон ҳеҷ ишорае ба ҷанҷоли бесобиқа дар порлумон накардааст ва ба интиқодҳои Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҳам посухе надодааст.
Чанде пеш Маҳмуди Аҳмадинажод барои ҳимоят аз вазири кору ҳифзи иҷтимоии Эрон дар порлумон, ки баъдан бо раъйи вакилон барканор шуд, дар ҷаласаи порлумон, навореро пахш кард ва гуфт, ки ин навор нишон медиҳад, ки хонаводаи Алӣ Лориҷонӣ, раиси порлумон ба фасод олуда аст.
Ин навор муколамаи Фозил Лориҷонӣ бародари Алӣ Лориҷонӣ, раиси порлумон ва Содиқ Лориҷонӣ, вазири адлияи Эрон бо Саид Муртазавӣ, додситони пешини Теҳрон буд, ки ба гуфтаи Маҳмуди Аҳмадинажод нишон медиҳад, ин хонавода барои ба даст овардани суд аз фаъолиятҳои иқтисодӣ, аз мақомҳои худ сӯистифода мекунанд.
Раҳбари Эрон ҳамчунин вакилони порлумони Эронро барои барканории вазири кор ва ҳифзи иҷтимоӣ танқид кард, ки ба гуфтаи ӯ, то поёни кораш чанд моҳи дигар монда буд. Соате пас аз ин танқидҳои Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, Алӣ Лориҷонӣ, раиси порлумон ва бародараш Содиқ Лориҷонӣ, вазири адлияи Эрон дар номаҳои ҷудогона ба ӯ гуфтанд, ки мувофиқи “фармудаҳояш” амал хоҳанд кард. Вакилони мардумии Эрон ҳам рӯзи якшанбе дар номае ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз ӯ барои барканории вазири кор ва ҳифзи иҷтимоӣ узр пурсидаанд.
Номаи Аҳмадинажод баъд аз он нашр шуд, ки ҳалқаҳои муҳофизакори Эрон бо назардошти сукути ӯ ва таъхир дар вокуниш ба интиқодҳои Оятуллоҳ Али Хоманаӣ хостанд, ки ӯ дар назди раҳбари олӣ “узрхоҳиву тавба” кунад.
Ихтилофоти амиқи назар ва ҷудоӣ дар миёни ҳалқаҳои ҳукмрони Эрон дар ҳолест, ки ин кишвар барои интихоботи нави раёсати ҷумҳурӣ омодагӣ мегирад. Қарор аст, рӯзи 18 июн интихоботи нави раёсати ҷумҳурии Эрон баргузор шавад. Баъди 8 соли қудрат, давраи раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод ба поён мерасад. Соли 2009 пирӯзии баҳсбарангези ӯ дар интихоботи сабаби тазоҳуроти азими мардумӣ шуд, ки дар натиҷа чандин нафар низ кушта шуданд.

ман дар сахифаи шуммо хондам дар бора но сохтани мактабхои шахри Вахдат чамоти Истиклол. мехохам ба як чизи дигар тавачух намоед. дар ин дехаи истиклол Кахор гуфтани шахс коргари бда. ки он барои шинондани як транформатори 20 е 30 хазор аз мардуми камбагал бо таври зури бо зану духтархояш бо маблаги 1500 то 2000 сомони бо таври мачбу кашида гирифта истодааст. аз 200 хочаги 400000 сомони мешавад мардуми бечора аз кучо ин маблагро еб мекунад хохиш менамоям ки маьлумотро коргарони давлат дида бароянд ва аз шуммо хохиш радеи озоди ки ба ин деха истиклол кучаи кахор ин кучахам ба номи худ гузоштааст рафта ба навор гиред.
То ба кай бо пули гадоиву талбандагӣ мактаб месозед, давлатдорон? Дар ҳақиқат мактабҳое, ки сохта мешаванд, тиллоианд. Аз пудратчӣ то координатори лоиҳа дар шуъбаву раёсатҳои давлатӣ то вазиру кабирони боло ҳама аз баракати ин лоиҳаҳо соҳиби қасру мошин мешаванд.
"..вазорат аз пешниҳоди ҳар гуна маълумот худдорӣ карданд." Вазорати маориф аз пули халк маош мегиред. Барои чи ба халк маълумот намедихед? Мансабдорон фаромуш накунед, гарчанде чапурост пул медуздед хам, аммо гулом ва дар хидмати миллатед. Вазифадоред хисобот дихед.
Э безор кари хаму соли 90т кати. Имсол соли 2021 каллакаду чоплус
Барои он ки намедони ё донистан намехохи ва ё он тухматхову дуругхоро бовар кардаи. таърих то исломи баъд аз исломи надорад хамааш аз худамон хаст. Навруз хам Курбон хам ислом хам зартушти хам. Бояд хамаашро эхтиром кард