Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мусаллаҳона ба қароргоҳи раҳбари Хайбар-Пахтунхва


Имрӯз дар канори дафтари яке аз раҳбарони аршади вилояти шимолу ғарби Покистон дар шаҳри Пешовар ду инфиҷор рӯй дод ва тирандозӣ сурат гирифт. Нерӯҳои амниятӣ атрофи дафтари раҳбари вилояти Хайбар-Пахтунхва Муттаҳирзеб Хонро муҳосира карданд.

Шоҳидон ба Радиои Озодӣ ҳам гуфтанд, ки садои ду инфиҷор ва тирандозиро шуниданд. Бар пояи хабарҳо, ҳамла дар ҳоле шурӯъ шуд, ки мулоқоти мақомоти ҳукуматӣ бо сарони қабилаҳо идома дошт. Ҳамчунин ҳадс зада мешавад, шояд ҳадафи ҳамла раҳоии маҳбусони зиндоне бошад, ки дар ин бино ҷойгир аст. Бар пояи баъзе хабарҳо, ҳамлагарон либони низомӣ дар тан доштанд.

Ҷамол Шоҳ, намояндаи бемористони Ледӣ Ридинг, иқрор кард, ки ҷасади чаҳор сарбозу як сокини осоишта ва ҳафт нафари ҷароҳати ҷиддӣ бардоштаро ба бемористон овардаанд.
XS
SM
MD
LG