Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон: 81 кушта ва 160 захмӣ дар як ҳамла


Як инфиҷори шадид шаҳри Кветтаи иёлати Балуҷистони Покистонро ба ларза овард.

Шумори кушташудаҳо бар асари таркиши дирӯзаи бомб дар як бозор дар ҷанубуғарби Покистон ба 81 нафар расид. Пулис мегӯяд, теъдоди захмиён беш аз 160 нафар шуда, аксари қурбониён ҳазораҳои шиъа мебошанд. Масъулияти ҳамла дар бозори як минтақаи умдатан шиъанишин дар канори Кветта, маркази вилояти ошӯбзадаи Балуҷистонро гурӯҳи суннии Лашкари ҷангӣ бар ӯҳда гирифт.

Ин хунинтарин ҳамла алайҳи шиъаҳои сокини ин минтақа аз замони бомбгузориҳои аввали сол аст, ки 86 кушта ба ҷо гузошта буд. Он ҳамлаҳо мунҷар ба чанд рӯзи эътирозҳое шуд, ки дар ниҳоят бо барканории ҳукумати маҳаллӣ анҷомид. Аксари шиъаҳои Квейта, аз ҷумла қурбониёни ҳамлаи ахир, ҳазораанд, ки беш аз як аср қабл аз Афғонистон ба Покистон кӯчидаанд.

Ба гуфтаи Мир Зубайр Маҳмуд, қумандони амнияти шаҳри Квейта, дар инфиҷори мазкур тақрибан ҳазор килограм маводи тарканда истифода гардидааст, ки ин миқдор мавод дар як мошини обкашонӣ ҷойгир шуда буд. Инфиҷор ҳангоме рух додааст, ки мардуми зиёде дар бозор машғули харид буданд. Ба гуфтаи ин мақом, аксари қурбониён шиъаҳоянд ва дар байни онҳо занону кӯдакон низ ҳаст. Дар натиҷаи инфиҷор теъдоде аз дӯконҳо низ куллан хароб гардидааст.

Волии Балуҷистон ин инфиҷорро шадидан маҳкум намуда ва якшанберо дар тамоми вилоят рӯзи мотам эълон кардааст. Ба гуфти волии Балуҷистон, вуқӯи ҳамчунин рӯйдодҳо, заёфи идораи истихборотии кишварро нишон медиҳад:
«Мо барои беҳбуди вазъият кӯшиш мекунем ва барои таъмини амният дар Кветта ба полис ва мақомоти амният салоҳияти комил додем, вале вуқӯи чунин рӯйдод заъфи идороти истихборотии кишварро нишон медиҳад.»

Пеш аз ин низ бошандагони шиъаи шаҳри Квейта ҳадафи ҳамлаву инфиҷорҳо қарор гирифта буданд. Ду инфиҷори хунин, ки дар 10 январи соли равон дар ин шаҳр рух дод, 83 кушта ва беш аз 150 маҷрӯҳ ба ҷо гузошт. Инфиҷорҳои мазкур боис ба тазоҳуроти дастиҷамъӣ гардид, ки то панҷ рӯз дар шаҳри Квейта идома дошт.
XS
SM
MD
LG