Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси хонагии яке аз раҳбарони мухолифини Русия


Сергей Удалтсов, аз раҳбарони мухолифини Русия барои ду моҳ ҳабси хонагӣ шуд.
Сергей Удалтсов, аз раҳбарони мухолифини Русия барои ду моҳ ҳабси хонагӣ шуд.

Додгоҳе дар Русия ҳукми боздошт ва ҳабси хонагии яке аз мухолифони саршиноси ҳукумати ин кишвар Сергей Удалтсовро содир кард.

Ҳамакнун, бар асоси ин ҳукми додгоҳи Маскав, раҳбари ҷунбиши «Ҷабҳаи чап»-и Русия то шашуми моҳи апрел соли ҷорӣ дар ҳабси хонагӣ ба сар хоҳад бурд.

Ин ҳукм ба дунболи он содир шуд, ки муфаттишон гуфтанд, далелҳои кофӣ ба даст овардаанд, ки нишон медиҳад, Сергей Удалтсов дар пайи тавтеа ва ба ҳам задани назму тартибот дар Русия будааст. Аммо оқои Удалтсов ин иттиҳомро, ки ӯ ва дигар афроди мухолифин дар пай роҳандозии як бенизомии густурда дар Русия мебошанд, рад кардааст.

Ӯ рӯзи шанбе дар ҷаласаи додгоҳ гуфт: "фикр мекунам далелҳои Кумитаи таҳқиқ асос надоранд. Онҳо танҳо мехоҳанд маро аз фаъолиятҳои умумӣ дур созанд. Мақомот аз он хотир аз ман гиламанданд, ки ман тазоҳуротҳои бузургро созмондеҳӣ мекунам. Дар онҳо ширкат меварзам ва бо вуҷуди фишорҳои мақомот, дар рӯбарӯи мардум суханронӣ менамоям.»

Муфаттишон аз ҷумла гуфтаанд, ки Сергей Удалтсов, Леонид Развозжаев ва Константин Лебедев давоми соли гузашта борҳо бо шаҳрвандони хориҷӣ мулоқот анҷом дода ва нақшаи роҳандозии беназмиҳои умумиро тарҳрезӣ намудаанд.

Ба гуфтаи муфаттишон, аз ҷумла оқои Удалтсов ва ҳамроҳонаш бо шаҳрванди Гурҷистон Гивӣ Таргамадзе вохӯрда ва ӯ дар тарҳрезии эътирозҳои зиддидавватӣ, ки моҳи майи соли 2012 дар Майдони Болотнаяи Маскав доир шуд, ба онҳо кӯмак кардааст.

Ба ин тартиб тибқи ҳукми додгоҳ раҳбари мухолифони Русия ҳақ надорад ба ҷуз аъзои хонаводааш, вакилон, муфаттишон ва намояндагони ҳифзи тартибот, бо каси дигаре тамос дошта бошад. Ӯ ҳамчунин аз истифода телефон, интернет ва фиристодан ва дарёфти номаҳо манъ шудааст.
XS
SM
MD
LG