Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯфони шадид дар шимолу-шарқи Амрико


Резиши барфи шадид дар шаҳрҳои шимол-шарқи Амрико, боиси лағви садҳо парвоз ва баста шудани роҳҳо шудааст.

Аз ҷумла дар панҷ вилоят вазъияти фавқулодда эълон шуда ва ба гузориши хабаргузории Ройтерз, бориши шадиди барф ҳамроҳ бо вазидани боди сахт, боиси қатъ шудани ҳаракати мошинҳо дар вилоятҳои Массачусетс ва Коннетикат гаштааст. Тибқи ин гузориш, нерӯи барқи тақрибан ним миллион нафар дар вилоятҳои шимол-шарқи Амрико қатъ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, рӯзи ҷумъа се ҳазор парвоз дар фурудгоҳҳои Ню-Йорк ва Бостон лағв шуд ва интизор меравад 1200 парвоз низ дар рӯзи шанбе лағв шавад. Тибқи гузоришҳо, мақомоти ин панҷ вилоят бо эъломи вазъи фавқулодда дар ин вилоятҳо, аз шаҳрвандон хостаанд аз хона берун нашаванд. Тибқи ин гузоришҳо, дар бархе аз вилоятҳо аз коркунони хадамоти ғайри изтирории давлатӣ хоста шудааст, ки дар хона бимонанд.

Ба гузориши CNN, бориши шадиди барф, зиндагии беш аз панҷоҳ миллион нафарро дар шимол-шарқи Амрико таҳти таъсир қарор додааст. Интизор меравад шаҳри Бостон шоҳиди бориши барфи бесобиқа бошад. Тибқи ин гузориш, дар бархе аз манотиқ интизор меравад байни 60 то 80 сантиметр барф биборад. Ҳамчунони интизор меравад суръати бод дар бархе аз минтақаҳо ба беш аз 100 километр дар соат бирасад.

Тӯфони "Санди" дар тирамоҳи соли гузашта, соҳилҳои шимол-шарқии Амрикоро кӯбида ва даҳҳо кушта ба ҷой гузошта буд.
XS
SM
MD
LG