Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи сарони ИА роҷеъ ба будҷаи ҳафтсола


Ҳерман Ван Ромпуй
Ҳерман Ван Ромпуй
Раҳбарони Аврупо дар мавриди 960 миллиард евро(1,3 триллион доллар) будҷаи ҳафстолаи ИА барои солҳои 2014-2020 тавофуқ карданд. Президенти ИА Ҳерман Ван Ромпуй рӯзи ҷумъа аз тариқи Twitter эълон кард, ки “Тавофуқ ҳосил шуд!” Ӯ афзуд, Шӯрои Аврупо аз тарҳи будҷа барои “солҳои боқии даҳсола” ҳимоят кард ва ин “кирои интизориро дошт.” Ин тавофуқ акнун барои тасвиби ниҳоӣ ба парлумони Аврупо ироа мешавад. Ин кор шояд чанд моҳро фаро бигирад. Тавофуқи сарони ИА дар мавриди нақшаи дарозмуддати хароҷоти ин созмон дар пайи беш аз 24 соати музокирот дар Брюссел ҳосил шуд.
XS
SM
MD
LG