Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони Иттиҳодияи Аврупо буҷаи навро баррасӣ мекунанд


Имрӯз сарони Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел талошҳо барои аз байн бурдани ихтилоф оид ба буҷаи нави Иттиҳодияро идома хоҳанд дод. Раҳбарони кишварҳои шимоли Аврупо барои коҳиши хароҷот пойфишорӣ доранд, дар ҳоле, ки кишварҳои ҷанубӣ ва ғарбии қора хостори ҳифзи сармоягузории тарҳҳои рушди сохторӣ ва кишоварзӣ шудаанд.

Раиси Шӯрои Аврупо Ҳерман Ван Ромпей ҷонибҳоро барои созиш даъват кард ва гуфт, дар шароити бӯҳрон дар бисёр кишварҳо Аврупо ба буҷае ниёз дорад, ки ба рушди иқтисодӣ, фановариҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави кор, ба вижа, барои ҷавонон, мусоидат кунад.

Баҳс дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо сари буҷа барои солҳои 2014 то 2020 меравад, ки дар он сатҳи хароҷот тақрибан як триллион евро пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG