Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури олуда ба тазоҳуроти Бреннан дар Сенат


Ҷон Бренан, аз маъмурони амниятии собиқадор дар Хадамоти Истихборотии Амрико ва мушовирони аслии амниятии Барак Обама аст.
Ҷон Бренан, аз маъмурони амниятии собиқадор дар Хадамоти Истихборотии Амрико ва мушовирони аслии амниятии Барак Обама аст.

Ҷон Бренан, номзад ба мақоми раиси CIA, дар як нишасти олуда ба эътироз дар сенати ИМА гуфт, кишвараш ҳанӯз ҳам бо боқимондаҳои Ал-Қоида дар ҷанг аст ва пайваста мавриди ҳамлаҳои интернетии кишварҳои хориҷӣ қарор мегирад.

Ҳангоми суханронии Ҷон Бренан, афроди хашмгине аз гурӯҳҳои ҳомии сулҳ, суханронии ӯро чанд дафъа буриданд. Яке аз тазоҳургарон фарёд мекашид, ки бар асари ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико дар Покистон, Яман ва Сомалӣ афроди ғайринизомӣ кушта мешаванд.

Баъди чунин эътироз Дианна Фейнштен, раиси Кумитаи Иттилоотии Сенати Амрико амр дод, то тазоҳургаронро аз утоқ берун кунанд, ки ин корро карданд. Ҷон Бренанро яке аз меъморони барномаи истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар ҷанг ба зидди террористон медонанд. Хадамоти Истихборотии Амрико борҳо бо истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин аъзои Ал-Қоида ва Толибонро дар манотиқи қабоилнишини Покистон маҳв кардааст. Низомиёни Амрико аз ин ҳавопаймоҳо барои ҳадаф гирифтани паноҳгоҳҳои Ал-Қоида дар Яман ва Сомалӣ истифода кардаанд.

Бино ба гузоришҳо, дар ҳамингуна ҳамлаҳо се шаҳрванди Амрико, Анвар Авлаки, фарзанди 16-солаи ӯ ва Самин Хон ки бо Ал-Қоида иртибот доштаанд дар Яман кушта шудаанд .Вакилони мардумии Амрико аз Ҷон Бренан хостанд, шарҳ бидиҳад, ки чӣ гуна онҳо метавонанд, шаҳрвандони амрикоиро бе додгоҳу муҳокима бикушанд.

Чанд соат пеш аз ҳузур ёфтани Ҷон Бренан дар Кумитаи Истихборотии Сенати Амрико, Барак Обама амр додааст, то санадҳои сиррии маҳви шаҳрвандони Амрико ба вакилон дода шавад. Гуфта мешавад, Барак Обама ин корро барои он кардааст, ки монеаҳо аз роҳи тасвиби номзадии Ҷон Бренан дар мақоми мудири Хадамоти Истихборотии Амрико бардошта шавад.

Ҷон Бренан дар суханронии худ дар ҳузури вакилон гуфт, ки таҳаввулоти таърихӣ дар Ховари Миёна ва Шимоли Африқо идома дорад ва бо мушкилоти бузурге барои манофеъи Амрико, амнияти Исроил, ҳампаймонҳои арабии Иёлоти Муттаҳида ва ҳам дурнамои сулҳу субот дар тамоми минтақа.

Ӯ афзуд, ки Эрону Куриёи Шимолӣ ҳамчунон дар пайи дастёбӣ ба силоҳи атомӣ ва мушакҳои баллистикии байниқоравӣ ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ боқимондаҳои Ал-Қоида ва шарикони онҳо ҳамчунон қасди ҳамлаҳои маргбор ба Амрикову амрикоиён ва ҳампаймонҳои онҳо доранд. Ҷон Бреннан афзуд, шабакаҳои компютерии Амрико ҳамарӯза мавриди ҳамлаҳои маҷозии кишварҳо, созмонҳои байналмилалмилалии ҷиноӣ ва рахнагарони алоҳидаи интернетӣ қарор мегирад. Ҷон Бренан аз маъмурони амниятии собиқадори Хадамоти Истихборотии Амрико ва яке аз мушовирони аслии амниятии раиси ҷумҳур Барак Обама аст.
XS
SM
MD
LG