Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Панетта алайҳи коҳиши будҷаи Пентагон


Леон Панетта
Леон Панетта
Вазири дифоъи Амрико Леон Панетта ҳушдор дод, ки коҳиши будҷаи низомӣ ба иқтидори низомиён барои посух ба буҳронҳо таъсир хоҳад кард. Панетта дар охирин суханрониаш ба ҳайси раиси Пентагон гуфт, коҳиши будҷа вазорати дифоъро ба коҳиши нирӯи корӣ ва амалиётҳои баҳриву ҳавоӣ маҷбур хоҳад кард. Конгресси Амрико бояд то 1 март тарҳи будҷаро тасвиб кунад, вагарна коҳиши чандмиллиарддолларии харҷҳои Амрико ногузир мешавад. Дар ин сурат, Пентагон ҳам маҷбур ба коҳиши масрафот ба маблағи беш аз 80 миллиард доллар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG