Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Эрдуғон аз таъхири "нобахшиданӣ"-и ИА


Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз ИА барои таъхири, ба таъбири ӯ, “нобахшиданӣ”-аш ҷиҳати кушодани роҳи Туркия ба узвияти ин созмон интиқод кард. Эрдуғон дар мулоқоти рӯзи душанбе бо ҳамтои чехаш Петр Нечас дар Прага гуфт, “мо аз соли 1959 дар пеши дарем. Музокироти узвияти мо соли 1963 шурӯъ шуда буд.” Эрдуғон ёдовар шуд, ки ҳудуди 5 миллион шаҳрванди Туркия алакай дар қаламрави ИА зиндагӣ доранд. Нечас, ки кишвараш соли 2004 ба ИА пайваст, гуфт, Ҷумҳурии Чех аз ҳамроҳии Туркия ба ИА “дар пайи такмили тамоми музокирот” пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG