Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод орзуи кайҳоннавард шудан дорад


Маймуне ки бо мушаки Эрон ба кайҳон парвоз карду баргашт
Маймуне ки бо мушаки Эрон ба кайҳон парвоз карду баргашт
Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, мехоҳад нахустин кайҳоннавард аз Эрон шавад. Оқои Аҳмадинажод рӯзи душанбе гуфт, “омода ҳаст, ки худро қурбон кунад” ва нахустин эроние шавад, ки ба мадори Замин парвоз хоҳад кард. Эрон ҳафтаи гузашта як маймунро ба мадор баровард. Вақте ин ҳайвон солим баргашт, Теҳрон гуфт, ин як қадами бобарораш барои парвози мушак бо инсон буд.
Давраи дувум ва ниҳоии раёсати Аҳмадинажод моҳи июн ба поён мерасад. Донишмандони эронӣ мегӯянд, то нахустин парвоз бо инсон ҳанӯз дастикам 4 соли дигар фурсат ҳаст. Сенатори амрикоӣ Ҷон Маккейн, ки аз мунтақидони ашаддии режими Эрон аст, дар саҳифааш дар Тwitter бо танз навишт, “Аҳмадинажод мехоҳад нахустин эронӣ дар мадор шавад? Магар ҳафтае пеш ӯ дар онҷо набуд?”
XS
SM
MD
LG