Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истинтоқи" Чак Ҳагел дар сенати Амрико


Чак Ҳагел мегӯяд, дар робита ба ҳалли бӯҳрони барномаҳои атомии Эрон бо Барак Обама ҳамфикр аст.
Чак Ҳагел мегӯяд, дар робита ба ҳалли бӯҳрони барномаҳои атомии Эрон бо Барак Обама ҳамфикр аст.

Чак Ҳагел, номзад ба мақоми вазири дифоъи Амрико мегӯяд, дар сурати зарурат аз амалиёти низомӣ алайҳи Эрон ҳимоят хоҳад кард.

Чак Ҳагел, сенатори собиқ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ зимни пурсишу посух дар Кумитаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Сенати Амрико гуфт, бо мавзеъгирии раиси ҷумҳур Барак Обама мувофиқ аст, ки гуфтааст, дар сурати ноком шудани талошҳои дипломатӣ барои ҳалли бӯҳрони ҳастаии Эрон гузинаи низомиро сарфи назар намекунад.

Ӯ афзуд, ки Ҷумҳурии Исломӣ набояд соҳиби силоҳи атомӣ шавад: “Ман дар гузашта низ борҳо гуфтаам, ки барои расидан ба ин ҳадаф бояд тамоми гузинаҳоро дар назар гирифт. Сиёсати ман бо сиёсати раиси ҷумҳур ҳамеша яксон будааст, яъне ҷилавгирии Эрон аз дастёбӣ ба силоҳи атомӣ, на маҳор кардани он. “

Чак Ҳагел, ки аз тарафи Барак Обама ба мақоми вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида пешбарӣ шудааст, дар гузашта барои интиқодаш аз сиёсатҳои Исроил ва мавзеъгирии нарм нисбат ба Эрон танқид кардаанд. Чак Ҳагел соли 2008 дар як китобе гуфта буд, ки “лоббии яҳудиён” ба тасмимгирандон дар конгресси Амрико таҳдид мекунанд.

Чак Ҳагел барои ин гуфтааш ибрози таасуф кард. Ӯ дар бораи ҳузури сарбозони Амрико дар Афғонистон гуфт, бисёр муҳим аст, ки баъди тарки нерӯҳои ҷангӣ дар соли 2014, он сарбозони амрикоӣ ки мемонанд, масуният дошта бошанд. Чак Ҳагел афзуд, агар сарбозони Амрико дар Афғонистон бимонанд, бояд фақат дар амалиётҳои зиддитерорристӣ ширкат кунанд ва сарбозони афғонро тамрин диҳанд: “Раиси ҷумҳур Барак Обама возеҳ кардааст ва ман ҳам мувофиқам, ки он нерӯҳои амрикоӣ, ки дар Афғонистон баъди соли 2014 мемонанд, бояд ду масъулият дошта бошанд. Яъне мубориза бо терроризм, бахусус маҳви Ал-Қоида ва шарикони онҳо ва тамрину машварат ба нерӯҳои афғон. “

Чак Ҳагел, ки собиқадори ҷанги Ветнам аст, ҳамчунин гуфт, ки саъй хоҳад кард, то нерӯҳои мусаллаҳи Амрико ҳамчунон қавитарин нерӯ дар ҷаҳон боқӣ бимонанд. Дар сурати ризоияти вакилони мардумии Амрико, Чак Ҳагел ҷойгузини Леон Панетта, вазири кунунии дифоъи Иёлоти Муттаҳида хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG