Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Озодӣ дар Тоҷикистон аз Русия бештар аст»


Созмони "Журналистони бидуни марз" Тоҷикистонро аз нигоҳи озодии баён, миёни 179 кишвари дунё дар зинаи 123 – юм ҷой додааст.

Созмони «Журналистони бидуни марз» таҳқиқиоти ҷадиди худро дар робита ба вазъи озодии баён дар солҳои 2012 – 2013 нашр карда, Тоҷикистонро миёни 179 давлати дунё дар ҷои 123 –юм ҷой додааст, ки назар ба як соли қаблиаш як зина поёнтар аст. Бар асоси баҳогузории «Журналистони бидуни марз», Тоҷикистон аз нигоҳи озодии баён аз Русия пеш гузашта, аз Қирғизистон ақиб мондааст. Дар ин пажӯҳиш Русия дар зинаи 148 -ум ва Қирғизистон дар зинаи 106 ҷойгир шудааст. Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон низ аз Тоҷикистон ақиб монда, мувофиқан ҷойҳои 164, 160 ва 177 –умро соҳиб шудаанд. Мақоми аввалро дар ин гузориш Финландия соҳиб шудааст, ки ба гуфтаи муаллифон васоити ахбори оммаи озодтарин дорад.

Йоҳан Бир, раҳбари бахши Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказии созмони Хабарнигорони бидуни марз гуфт, соли 2012 дар маҷмӯъ як соли баде барои матбуот дар ин қаламрав буд ва қариб ҳамаи кишварҳояш дар зинаҳои хеле поёнии раддабандии имсола ҷой гирифтаанд: “Ба сурати умум, ин минтақа ба раддаҳои поёнии ҷадвал фурӯ меравад. Лаҳни таъқиби афзоянда дар Шӯравии собиқро Русия дод. Бо саркӯбии эътирозҳои мухолифин, тасвиби қонунҳои нави таъқиботӣ, зарба ба озодии иттилоъ, чун дубора ҷиноӣ кардани таҳқиру тавҳин, таҳияи рӯйхати сиёҳи сомонаҳои интернетӣ... Дар маҷмӯъ, як тасвири тирае барои Шӯравии собиқ ҳосил мешавад.”

Ин баҳогузории "Журналистони бидуни марз" дар ҳолест, ки созмонҳои журналистии Тоҷикистон мегӯянд, озодии баён дар кишвар ҳанӯз таъмин нест ва вақтҳои охир маҳдудиятҳои зиёд пеш меоянд.

Созмонҳои журналистони Тоҷикистон - Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои ВАО ва “Медиа-Алянс” мегӯянд, танҳо дар ҳамин ҳафта дар робита ба маҳдудсозию ба додгоҳ кашидани хабарнигорон дар кишвар се изҳорот пахш кардаанд.

Созмонҳо афзуданд, ки ҳафтаи равон аз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ хостаанд, сабабҳои тамдид нашудани сабти номи Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори Радиои Озодиро рӯшан кунад.

Вазорати хориҷа дар моҳи декабри соли 2012, Абдуқаюми Қаюмзодро огоҳ карда буд, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад. Радиои Озодӣ ин тасмими Душанберо ҳамла ба мустақилияташ номид.

Баробари ин Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд дар ҳамин ҳафта мурофиаи додгоҳии хабарнигори Тоҷнюс, Амрулоҳи Низом бо Кумитаи корҳои дини кишвар оғоз шуд. Инчунин 30 - юми январ Рустам Ҳукумов, писари раиси корхонаи "Роҳи оҳани Тоҷикистон" рӯзномаи «ИмрузNews” - ро ба додгоҳ кашид.

Созмониҳои журналистии Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд, ки агар ин раванд идома ёбад, бо эҳтимоли зиёд ҳукумати Тоҷикистон дар гузоришҳои нави созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун «душмани матбуот» муаррифӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG