Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия: $1,5 миллиарди ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои фирориёну беҷошудагон


Бан Ки Мун гуфт, ки кишварҳои сармоягузор ба мардуми ситамдидаи Сурия ба маблағи беш аз 1,5 миллиард доллар кӯмаки башарӣ ваъда карданд

Изҳороти Дабири кулли СММ рӯзи чаҳоршанбе, 30 январ, дар нишасти хабарӣ дар Кувайт садо дод, ки он ҷо намояндагони тақрибан 60 кишвар дар конфаронси сармоягузорон ширкат доштанд.

Гуфта мешавад, СММ мехост, ки барои кӯмаки фаврии башарӣ ба ҳудуди 5 миллион мардуми аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия осебдида ва тақрибан 700 ҳазор суриягии дар кишварҳои ҳамсоя панаҳбурда то 1,5 миллиард доллар пайдо намояд. Бан Ки Мун гуфт, айни ҳол маблағи ваъдашуда ҳисобу китоб мешавад ва афзуд, ки “нишасти Кувайт бузургтарин конфаронси башарӣ дар таърихи СММ буд”. Ӯ қавл дод, ки маблағ босамар истифода хоҳад шуд. Ба гуфтаи Бан Ки Мун, ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба мардуми Сурия паём додааст, ки онҳо танҳо нестанд.

Қарор аст, аз маблағи ваъдашуда як миллиард доллар дар ихтиёри кишварҳое қарор бигирад, ки суриягиҳо он ҷо панаҳ бурдаанд. 500 миллион доллари боқимонда барои кӯмаки башарӣ ба онҳое сарф хоҳад шуд, ки аз манотиқи доғ фирор карда дар дигар мавзеъҳои Сурия мустақар шудаанд.

Бан Ки Мун ҳамчунин хостори ҳарчӣ зудтар ҳал шудани бӯҳрони сиёсӣ дар Сурия гардид. “Ман бори дигар аз аъзои Шӯрои амният мехоҳам, ки масъулият дар назди башарият ва таърихро дарк намоянд, мо дигар таҳаммули ин гуна авзоъро надорем”, гуфт Бан Ки Мун. Ба гуфтаи ӯ, масъули аслии вазъи дар Сурия ба амал омада бар дӯши ҳукумати Сурия ва раисиҷумҳур Башор Асад мебошанд..

Муовини вазири умури хориҷии Кувайт шайх Сабоҳ Холид ал-Сабоҳ гуфт, “дар ба рӯи кишварҳое, ки ҳанӯз маблағ хайр накардаанд, боз аст”.

Дар ибтидои конфаронс Кувайт эълом дошт, ки барои ироаи 300 миллион доллар ба мардуми ситамдидаи Сурия омода аст. Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб ҳам ҳамин миқдор пул ваъда карданд. Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА омодагии худро барои ироаи 400 миллион доллар дар маҷмӯъ эълом доштанд.

Дар конфаронси Кувайт намояндагони Русия ва Эрон, ҳампаймонҳои калидии раисиҷумҳури Сурия Башор Асад, ҳам ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG