Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаққиқони олмонӣ матлаби “Жаҳон”-ро рад карданд


Муҳаққиқони Маркази пажуҳиши Замини ба номи Гелмголтс, воқеъ дар шаҳри Потсдами Олмон, як матлаби хабаргузории “Жаҳон”-и вазорати умури хориҷии Ӯзбакистонро рад карданд.

Чанд рӯз пеш дар сомонаи ин хабаргузории ҳукуматӣ гузорише аз сӯҳбати “мизи гирд” дар Маркази пажуҳиши Замини ба номи Гелмголтс бо ширкати дипломатҳои ӯзбак нашр шуд. Муаллифи матлаб навиштааст, ки дар ин “мизи гирд” рӯи мушкилоти муҳитизистӣ ва обу энерҷии Осиёи Марказӣ ҳам тамаркӯз шуд ва мутахассисони олмонӣ ва ҷониби Ӯзбакистон нигарониҳояшон аз хатарҳои марбут ба таъмини амнияти фаннӣ зимни бунёди нерӯгоҳҳои Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбарота дар Қирғизистонро иброз доштанд.

Ба навиштаи хабаргузории “Авасто”, масъулини Маркази пажуҳиши Замини ба номи Гелмголтс бо такзиби хабари “Жаҳон” гуфтаанд, ки нишаст дар шаҳри Потсдам ба ҳамкории миёни Олмону Ӯзбакистон дар чаҳорчӯби барномаҳои EMCA (The Earthquake Model Central Asia) и CAWa (Central Asian Water) ва татбиқи онҳо дар Ӯзбакистон бахшида шуда буд.

Дар раддияи Маркази пажуҳиши Замин гуфта шудааст, ки мавзӯи бунёди нерӯгоҳҳо дур аз чаҳорчӯби фаъолияти Марказ аст ва коршиносони олмонӣ дар робита ба тарҳҳои гидроэнергетикӣ ва хатари нерӯгоҳҳое, ки дар Тоҷикистону Қирғизистон бунёд мешаванд, ҳеҷ изҳори назар накардаанд. Ба гуфтаи масъулини Марказ, ин матлаби хабаргузории “Ҷаҳон” хонандагонро дар мавриди фаъолияти онҳо дар Осиёи Марказӣ гумроҳ месозад.
XS
SM
MD
LG