Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ узрхоҳии Муҳиддин Кабириро талаб кард


Муҳиддин Кабирӣ, вакили МН ва раиси ҲНИТ.
Муҳиддин Кабирӣ, вакили МН ва раиси ҲНИТ.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарори худ дар робита ба баҳси шаҳрдории Душанбе бо раиси ҲНИТ-ро содир кард, ки бар асоси он, Муҳиддин Кабирӣ бояд аз шаҳрдорӣ узрхоҳӣ намояд.

Бузургмеҳр Ёров, вакил мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 30-юми январ ба «Озодӣ» гуфт, ки додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи сешанбе қарори худ дар мавриди баҳси шаҳрдории Душанбе бо Муҳидин Кабириро содир кард.

Ба гуфтаи Бузургмеҳр Ёров, мувофиқи қарори додгоҳ, раҳбари ҲНИТ бояд аз тариқи васоити ахбори умумии кишвар, аз шаҳрдорӣ узрхоҳӣ намояд. Илова ба ин, афзуд Бузургмеҳри Ёров, додгоҳи Исмоили Сомонӣ талаби ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон Муҳидин Кабирӣ дар хусуси парохти 20 млн сомонӣ ҷарима барои таҳқири депутатро бекор кард.

Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки зерҳимояаш ҳеҷ асосе барои бахшиш хостан дар назди шаҳрдориро намебинад ва онҳо тасмим гирифтаанд дар муқобили қарори додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ба зинаҳои болоии додгоҳии кишвар шикоят баранд.

Қаблан, ҳукумати Душанбе аз болои Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раҳбари ҲНИТ, ба додгоҳ муроҷиат карда буд. Дар аризаи шаҳрдорӣ таъкид шуда буд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони ба гуфтаи онҳо "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ бахшиш ё маъзарат пурсад. Муҳиддин Кабирӣ дар чанд моҳи пеш дар як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад”, дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон аз дарахтбуриҳо дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш карда буд.

Ба дунболи ин шикояти шаҳрдорӣ, Муҳиддин Кабирӣ барои таҳқири ҳайсияташ ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон, аз шаҳрдорӣ 20 миллион сомонӣ ҷуброн хост. Ҷаноби Кабирӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки омодааст ба шикояти шаҳрдорӣ тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон посух диҳад, вале барои узрпурсӣ асосеро намебинад.
XS
SM
MD
LG