Малика Беатрикс тавассути телевизиони Ҳолланд эълон кард, ки аз тахт ба фоидаи писараш даст мекашад. Малика гуфт, рӯзи 30 апрел баъди 33 соли подшоҳӣ канор меравад ва шоҳзода Виллем-Александер ба тахт хоҳад нишаст. Беатрикс, ки дар байни мардуми Ҳолланд маҳбуб аст, гуфт, ворисаш барои иҷрои вазифаи подшоҳӣ омода шудааст ва аз ин рӯ, ӯ аз баҳри тоҷу тахт мегузарад. Тайи беш аз 100 соли охир тахти подшоҳии Ҳолланд дар дасти маликаҳо буд ва Виллем-Александер нахустин шоҳи Ҳолланд дар ин муддат хоҳад шуд. Шоҳ дар низоми давлатии Ҳолланд нақши бештар намоиширо дорад.