Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайатҳои низомии Покистону Афғонистон музокира мекунанд


Мақомоти вазоратҳои дифои Покистону Афғонистон ҳамкориҳои низомии дуҷониба, аз ҷумла тамрини низомиёни афғон аз сӯи коршиносони низомии Покистонро баррасӣ мекунанд.

Рӯзи аввали боздиди панҷрӯзаи Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ-вазири дифои Афғонистон аз Покистон идома дорад.

Манобеи покистонӣ ба радиои Озодӣ гуфтанд, ҳайати Покистон дар Равалпиндӣ ба раҳбарии Ашфақ Парвиз Каёнӣ-раиси ситоди артиши Покистон бо ҳайати афғонӣ музокира мекунад.
XS
SM
MD
LG