Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз сокини ноҳияи Рӯдакӣ як таппонча мусодира шуд


Маҳмадулло Асадуллоев-сухангуи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 24 январ ба радиои Озодӣ гуфт, ки тафтиши ҳодисаи боздошти сокини ноҳияи Рудакӣ Раҳматулло Қурбонов бо таппончаи навъи «Макаров» нишон дод, ки вай ин таппончаро аз Ғайратшо Қурбонов-сокини ноҳияи Тавилдара гирифтааст.

Ғайратшо Қурбонов сокини деҳаи Пунарвоҷи ноҳияи Тавлидра дар 200 километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон чор сол қабл ин таппончаро бо тиру тирдон ба Раҳматуло Қурбонов-сокини ноҳияи Рудакӣ тақдим кардааст

Қаблан дафтари матуботи вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ дода буд, ки кормандони шӯъбаи милистсияи ноҳияи Рӯдакӣ сокини ҳамин ноҳия Раҳматуло Қурбоновро боздошт карданд, ки ҳангоми кофтуков аз камарбандаш як таппончаи тамғаи «Макаров» дарёфт ва мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG