Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО Patriot-ҳоро дар Туркия фаъол мекунад


НАТО гуфт, аз поёни ҳафта ба фаъол сохтани шабакаҳои мушакии Patriot дар марзи Туркия бо Сурия шурӯъ хоҳад кард. Генерали бритониёӣ Гарӣ Дикин гуфт, шабакаҳои Patriot, ки Амрикову Олмон ва Ҳолланд фиристодаанд, алакай дар ҷануби Туркия мустақар карда шуданд. Қарор аст, ин шабакаҳо то поёни моҳ пурра фаъол шаванд. Туркия, ки узви НАТО-ст, ба хотири дифоъи қаламраваш аз асароти низоъи Сурия дар моҳи ноябр аз ин паймони низомӣ хост, шабакаҳои Patriot-ро дар марзҳояш ҷобаҷо кунад.
XS
SM
MD
LG