Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Р.Менглиев: "Ҳукми "Ампаро" фармоиш аз боло набуд"


Рустам Менглиев
Рустам Менглиев
Вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев гуфт, бастани созмони “Ампаро” бо дархости ин вазорат бар асоси фармоиши боло набуд. Ин созмон, ки асосан аз ҳуқуқи сарбозон дар артиши Тоҷикистон ҳимоят мекард, моҳи октябр аз сӯи додгоҳи Хуҷанд ба далели тағйир ёфтани нишониаш баста шуд ва додгоҳи вилояти Суғд ҳафтае пеш аз ин ҳукм пуштибонӣ кард. Созмони Афви байналмилалӣ ахиран ҳукми “Ампаро”-ро аломати шиддат гирифтани саркӯбии ҷомиаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон номид ва аз ҳукумати ин кишвар хост, монеъи фаъолияти чунин гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ нашавад. Вазорати адлияи Тоҷикистон дар поёни соли гузашта аз додгоҳ бастани се созмон– “Ампаро”, “Ташаббуси шаҳрвандӣ” ва “Алерт Интенешнал”-ро талаб карда буд.
XS
SM
MD
LG