Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як пулиси тоҷик барои ҳамкорӣ бо қочоқбарон


Як маъмури пулиси Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо қочоқчиёни маводи мухаддир боздошт шудааст. Бобоҷони Шафеъ, корманди Дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухадири Тоҷикистон рӯзи 22-юми январ ба "Озодӣ" итилоъ дод, ки кормандони ин ниҳод зимни як амалиёти густарда дар пойтахт як гурӯҳи қочоқбаронро дастгир намуданд .Ба гуфтаи ин манбаъ, дар амалиёти мазкур, ки 21-уми январ роҳандозӣ шуд, ҳамроҳи ин гурӯҳ як корманди Раёсати муҳофизати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ будааст. Аммо Оҷонсӣ ба хотири ҷустуҷӯ ва тафтиши ҳамаҷонибаи ин ҳодиса, аз овардани номи корманди милиса худдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG