Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Толибон ба идораи пулиси роҳ дар Кобул


Субҳи душанбеи 21-уми январ, шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон мавриди ҳамлаи мухолифони мусаллаҳ қарор гирифт.

Масъулони амниятии Кобул мегӯянд, даргириҳо миёни нерӯҳои амниятии афғон ва ҳамлакунандагон ба раёсати пулиси роҳи Кобул, ҳанӯз идома дорад.

Генерал Зоҳир, раиси таҳқиқоти ҷиноии фармондеҳии амнияти Кобул дар сӯҳбат ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ дар ин маврид гуфт:


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:14 0:00


Ба гуфтаи оқои Зоҳир, шумораи дақиқи ҳамлакунандагон то кунун маълум нест, аммо шояд теъдод онҳо ду ё се нафар бошад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин ҳодиса панҷ ғайринизомӣ ва як пулис захмӣ шудаанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ ба нақл аз шоҳидони айнӣ мегӯяд, ки ин даргирӣ дар соати 5-и бомдоди рӯзи душанбе оғоз шуд ва то кунун садои шаш таркиш шунида шудааст.

Толибон масъулияти ни ҳамларо ба дӯш гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG