Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори нав дар бораи қурбониён дар Алҷазоир


Теъдоди қурбониёни амалиёти раҳоии гаравгонон аз корхонаи коркарди газ дар Алҷазоир бештар шудааст. Бо идомаи поккории корхонаи Аменас дар биёбони Саҳрои Кабир, маъмурони амниятии Алҷазоир чандин ҷасади дигар ёфтаанд ва гуфта мешавад, ҳоло теъдоди гаравгонону гаравгонгирони кушташуда ба 80 нафар расидааст. Бовар меравад, ки дар миёни қурбониён шаҳрвандони Бритониё, Амрико, Ҷопон, Малайзия ва кишварҳои дигар низ ҳастанд. Чаҳор рӯз пеш тундравони исломӣ корхонаи бузурги коркарди гази Аменасро ишғол карда ва кормандони онро гаравгон гирифтанд. Онҳо талаб доштанд, ки Фаронса амалиёташ алайҳи тундравони исломӣ дар Малиро қатъ кунад. Лаурент Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса аз юриши маъмурони амниятии Алҷазоир барои раҳоии гаравгонон ҳимоят кард, зеро ба гуфтаи ӯ вазъ дар онҷо "тоқатнопазир" будааст.
XS
SM
MD
LG