Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ барои таҳқиқи аъмоли сарвазир 6 рӯз дод


Фасеҳ Бухорӣ
Фасеҳ Бухорӣ
Додгоҳи олии Покистон ба раҳбари ниҳоди зиддифасод барои таҳқиқи иттиҳомоти фасод алайҳи сарвазир Раҷо Парвиз Ашраф 6 рӯз фурсат дод. Рӯзи панҷшанбе раҳбари Дафтари миллии бозрасӣ Фасеҳ Бухорӣ амри додгоҳ барои ҳабси Ашрафро ба далели ноқис будани таҳқиқот радд кард. Аммо раиси додгоҳ Ифтихор Чаудрӣ ба Бухорӣ амр дод, ки шавоҳиди мавҷударо дар ҳафтаи оянда бозбинӣ кунад. Ашраф иттиҳоми пулситонӣ аз тарҳҳои энержӣ дар замони вазири обу барқ буданаш дар байни солҳои 2008-2011-ро радд мекунад. Додгоҳ рӯзи сешанбе ба ҳабси ӯву 15 мақоми дигар амр дод. Дар ҳамин ҳол, ҷасади ба дор овехтаи Комрон Файсал, ёвари мудири Дафтари бозрасиро, ки парвандаи Ашрафро таҳқиқ мекард, аз манзилаш дар Исломобод ёфтаанд ва ҳоло таҳқиқ доранд, ки оё ин худкушӣ буд ё на?
XS
SM
MD
LG