Хабаргузориҳо эълон кардаанд, ки даври баъдии гуфтугӯҳо дар моҳи феврал баргузор хоҳад шуд.
Дар хабарҳое, ки хабаргузориҳои Эрон нашр кардаанд, ба ҷузъиёти гуфтугӯҳо ишора нашуда, аммо хабаргузориҳои ғарбӣ ба нақл аз манбаъҳои дипломатӣ гузориш додаанд, ки дар ин гуфтугӯҳо тавофуқи чандоне ҳосил нашудааст.
Ҳайати баландпояи Оҷонс ба сарпарастии муовини раиси Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ бо тими музокиракунандаи эронӣ ин бор ба сарпарастии Алӣ Асғар Султония-намояндаи Эрон дар Оҷонс рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбе ба гуфтугӯ нишастанд.
Хабаргузории Франс-пресс ба нақл аз як дипломати муқими Вена гузориш дод, ки дар музокироти ду рӯзаи ҳайати эронӣ бо тими Оҷонс, тавофуқе ҳосил нашудааст. Як дипломати дигар ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки мутобиқи ончи вай шунида, “ҳанӯз ихтилофҳое” миёни ду тараф вуҷуд дорад. Ин дар ҳолест, ки мақомҳои эронӣ ва Оҷонс ҷузъиёте аз натоиҷи гуфтугӯҳоро фош накардаанд.
Музокироти Эрон бо Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ аз он ҷиҳат дорои аҳамият мебошад, ки асосе барои гуфтугӯҳои сиёсии Эрон ба гуруҳи 5+1 ба шумор меравад.
Хостаҳои гурӯҳи 5+1 аз Эрон расидан ба тавофуқ бо Оҷонс ва амал намудан ба қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ аст ва Эрон ҳам хостори лағви таҳримҳо ва дар айни ҳол идомаи барномаи ҳастаии худ мутобиқ ба паймони NPT аст.
Охирин даври музокироти Эрон ва гуруҳи 5+1 дар моҳи июни соли гузашта дар Масква баргузор шуда буд.

Ҳами мардак рост мегӯяд, агар ту нафаҳмӣ, дар ҳаққи ин марди худо туҳмат назан!
110 сум чарима мега те да банк барои сигоркашит хахахх
войй дооооод!
Дар сурати надоштани хуччати тасдиккунанда, дар хакикат мумкин нест, чунин кор кардан ё хамчун хабарнигор акс гирифтан... Имруз шароиту замон чунин такозо мекунад, то кормандони хифзи хукук ба чунин амал даст зананд... Аммо гайриконуни чаримабастан ва ё ба коре гунахгор кардан хам дуруст нест............
Хукумат шарм намедорад, бо занхо ракобат ва нотавонбини мекунад. Кани бо фарзандхои худатон ин хел муносибат кунанд, чи кор мекардед? Фарк надорад савод дорад ё не. Як нафарро аз маош махрум кардану хакашро хурдан чавобгари дорад. Худованд бухург аст, иншоаллох он нафароне, ки махсусан бо занхо сар ба сар мешаванд, саришта мекунад.