Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонаҳо ва Facebook дар Тоҷикистон баста шудаанд?


Бег Зуҳуров-раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳеҷ гуна дастур аз тарафи хадамот дар мавриди бастани сомонае содир нашудааст.

Бег Зуҳуров гуфт, шояд ин кор мушкили техникии худи таҳиякунандагони хадамоти интернетӣ ва сомонаҳост.

Баъзе расонаҳои хабарӣ 16 январ навиштанд, ки дар Тоҷикистон бори дигар баъзе сомонаҳо ва шабакаи иҷтимоии Facebook баста шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ширкати интернетии «Babilon Mobile» мегӯяд, ба онҳо касе дар бораи бастани сомонаҳо дастур надодааст ва Facebook дар шабакаи онҳо онҳо фаъол аст.

Асомиддин Атоев-роҳбари Анҷумани дастракунадагони интернет ба радиои Озодӣ гуфт, ки аз бастани баъзе сомонаҳо ва Facebook аз тариқи баъзе расонаҳо огоҳ шудааст, аммо пас аз имтиҳон маълум шуд, ки ҳанӯз сомонаҳо баста нашудаанд.
XS
SM
MD
LG