Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Лавров бо мақомоти Тоҷикистон мулоқот мекунад


Сергей Лавров
Сергей Лавров
Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия шоми рӯзи чаҳоршанбе барои боздиди корӣ вориди Душанбе шуд. Мулоқотҳои вай бо мақомоти Тоҷикистон барои рӯзи панҷшанбе, 17 январ пешбинӣ шудааст.

Вай нахуст бо Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, сипас бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур мулоқот анҷом медиҳад. Интизор меравад, ки дар поёни мулоқот бо Хамроҳхон Зарифӣ ҷонибҳо мувофиқатномаи миёни вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва вазорати хориҷаи Русияро дар бораи ҳамкориҳо ба имзо расонанд.

Дар остонаи боздиди кунунии Лавров ин хабарҳое ба нашр расиданд, ки мумкин аст Тоҷикистон ва Русия дар бораи муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ва шарту шароити сабти номи онҳо, кори онҳо, иқомати онҳо ва ҳамчунин роҷеъ ба ботил кардани боҷи гумрукӣ барои воридоти маводи нафтии Русия ба Тоҷикистон созишнома ба имзо расонанд.
XS
SM
MD
LG