Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар назди бозори «Шоҳмансур» -и Душанбе


Хадамоти оташнишонии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи душанбе болопӯши дӯкони «Сумая» дар назди бозори "Шоҳмансур" - и пойтахт оташ гирифта, ба масоҳати 15 метри мураббаъ паҳн шудааст.

Масъулони хадамот мегӯянд омилҳои ин оташсӯзӣ мушаххас мешаванд. Тибқи иттилои аввалия боми мағозаи «Сумая», пур аз коғазпора будааст ва эҳтимол дорад, ки сӯхтор аз расиши ноқили барқ сар задааст. Ба таъкиди масъулони Хадамоти оташнишонӣ сӯхтор дар ин дӯкон талафоти ҷонӣ ва хисороти ҳангуфти молӣ дар пай надоштаааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Асомиддин Ризоев, раиси бозори «Шоҳмансур», овозаҳоро, оиди сӯхтор дар ҳудуди бозор рад карда, гуфт, ки дӯкони «Сумая» ба бозори «Шоҳмансур» рабте надорад ва он як дӯкони хусусӣ аст.
XS
SM
MD
LG