Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди Лигаи миллатҳо ва эълони номзадҳои Оскар


Имрӯз, 10 январ вазорати беҳдошт ва Фарҳангистони улуми Тоҷикистон роҷеъ ба натоиҷи фаъолияти худ дар соли 2012 нишастҳои хабарӣ хоҳанд дод. Имрӯз боздиди дурӯзаи вазири хориҷаи Эрон Алиакбар Солеҳӣ аз Миср ба поён мерасад. Имрӯз дар София, вузарои кишварҳои дахил дар тарҳи лӯлаи гази Набукко гирди ҳам хоҳанд оманд. Имрӯз дар Беверлӣ Ҳиллз номзадҳо ба ҷоизаи Оскарро эълон хоҳанд кард. Ва 10 январи соли 1920 Лигаи миллатҳо таъсис ёфт. СММ дар соли 1945 дар заминаи ҳамин Лига ташкил шуд.
XS
SM
MD
LG